Мулоқот бо сафири Нидерланд

24.07.2023 16:38

24.07.2023.16.40.jpg

24 июли соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Нидерланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Остона) Андре Карстенсро ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои самаранок ва мутақобилан судманди байни Тоҷикистону Нидерландро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Муовини вазир ба сафири Нидерланд барои саҳмаш дар ҷоннок намудани абзорҳои мавҷудаи ҳамкорӣ изҳори миннатдорӣ намуда, дар фаъолияти минбаъдааш муваффақият таманно кард.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим