21 июли соли 2023 вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо муовини раиси шаҳри Алмаато Кирикбоев Арман баргузор гардид.
Зимни суҳбат масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ баррасӣ гардиданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба баргузории Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии истеҳсоли Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато зоҳир карда шуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan