Вохӯрӣ бо вазири кишоварзӣ ва озуқавории Беларус

21.07.2023 14:21

21.07.2023.14.53.jpg

20 июли соли 2023 мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода бо вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Игор Брило, ки ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ мебошад, баргузор гардид.

Ҷонибҳо масоили тақвияти ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ карда, атрофи масъалаҳои муҳтавоии ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии зикршуда мубодилаи афкор намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ, ҷонибҳо ҳамзамон дар мавриди иштироки эҳтимолии ширкатҳои номдори агросаноатӣ ва саноати сабуки Беларус дар ҳамоишҳои сармоягузорӣ ва иқтисодии дарпешистодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули назар карданд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим