17 июли соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Туркманистон Хемра Тогалаковро ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияташ дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз дастовардҳои ду кишвар дар ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҳамчунин майли мутақобилаи тарафҳо барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Туркманистон, ки ҷавобгӯи манфиатҳои аслии ҳар ду давлатанд, таъкид гардид.
С.Муҳриддин ба Х. Тогалаков барои фаъолияти назаррас ва саҳми гузоштаи ӯ дар таҳкими ҳамкориҳои шарикии таъмиқи стратегии Тоҷикистону Туркманистон изҳори миннатдорӣ намуда, ба мавсуф дар фаъолияти минбаъдаи дипломатиаш муваффақиятҳо орзу кард.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan