Оид ба сафари расмии вазири корҳои хориҷӣ ба Туркманистон

14.07.2023 15:01

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо даъвати муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов рӯзҳои 15-16 июли соли 2023 ба Туркманистон сафари расмӣ анҷом медиҳад.

Қарор аст, дар Ишқобод мулоқоти роҳбари мақомоти сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов ва гуфтушунидҳои ӯ бо ҳамтояш Р.Мередов баргузор гардад.

Дар доираи сафар муҳокимаи масъалаҳои татбиқи созишномаҳое, ки моҳи майи соли 2023 дар натиҷаи сафари давлатии Роҳбари Туркманистон ба Тоҷикистон ба даст расидаанд, ба нақша гирифта шудааст.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим