26 феврали соли 2016 дар Ню Йорк вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини Дабири кулли СММ Ян Элиассон доир шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ниҳодҳои СММ, вазъи сиёсӣ ва амниятии кишварҳои минтақа ва мусоидати СММ ба ин раванд, инчунин масъалаҳои татбиқи ташаббусҳои нави Тоҷикистон дар соҳаи мудирияти захираҳои обӣ, аз ҷумла роҳандозии Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди Устувор” табодули назар карда шуд.