7 июли соли 2023 дар шаҳри Сонгсани музофоти Кёнгидо мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Киром Салоҳиддин бо мудири кулли Корпоратсияи захираҳои оби Корея (K water) Юн Сог Дэ, ки дубора ба ҳайси раиси Шӯрои оби Осиё интихоб гардидааст, доир шуд.
Зимни сӯҳбат раиси Шӯрои оби Осиё аз ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ ёдовар шуда, онҳоро созанда ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.
Ҳамсӯҳбатон инчунин роҷеъ ба паҳлӯҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Корея дар соҳаи обу иқлим табодули афкор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan