24 феврали соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар чорабинии сатҳи вазирон бахшида ба 50-солагии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ), ки дар бинои СММ дар ш. Ню-Йорк баргузор гардид, ширкат ва суханронӣ намуд.
Зимни чорабинии мазкур меҳмонони олимақоми кишварҳои аъзо диди худро оид ба фаъолияти самараноки БРСММ дар даҳсолаҳои оянда ҷиҳати мусоидати бештар ба талошҳои кишварҳои аъзо барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор иброз намуданд.
Илова бар ин, Вазири корҳои хориҷӣ, ки ҷиҳати суханронӣ дар мубоҳисаҳои тематикӣ таҳти унвони “Мудирияти хавф, зарфиятсозӣ ҷиҳати муқовимат ба офатҳо” даъват шуда буд, дар бораи зарурати таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ, ба вижа офатҳои марбут ба об ибрози назар кард.