16 феврали соли 2016 дар шаҳри Брюссел дар ҳошияи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ тарафайн масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба аз қабили мавзӯи иқтисодиёт, энергетика ва сарҳадро муҳокима намуда, дар мавзӯи амнияти минтақавӣ, хоссатан оид ба мавзӯи вазъ дар Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.