Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия муаррифӣ гардиданд

12.06.2023 19:01

9 июни соли 2023 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анкара дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи TOBB ETÜ чорабинӣ дар мавзӯи «Ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, алалхусус «Об барои рушди устувор 2018-2028» ва «2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» барои донишҷӯён ва ҷонибҳои ҳавасманд ташкил намуд.

Зимни чорабинӣ намояндагони ду ҷониб, аз ҷумла сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Туркия, устодони риштаи энергетикаи донишгоҳ, инчунин масъулини Идораи давлатии кор дар соҳаи об (DSİ) ва донишҷӯён иштирок намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим