Маросими тантанавии ифтитоҳи лавҳаи ёдгорӣ бо зикри номи ҷанговарони тоҷик, ки дар озодкунии Витебск ҷон бохтаанд

25.05.2023 10:21

18 майи соли 2023 дар доираи татбиқи лоиҳаи “Ба хотираи халқҳо мо ягонаем” намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Минск дар якҷоягӣ бо диаспораи тоҷикон дар Ҷумҳурии Беларус, роҳбарият ва таълимгирандагони МДТ “Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 ба номи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизов” дар кушодашавии лавҳаи ёдгорӣ бо номи 76 ҷанговароне, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар озодкунии ноҳияи Шумилини вилояти Витебск қаҳрамонона ҷон бохтаанд, иштирок намуданд.

Ба туфайли ҳамкории муштараки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 ба номи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизов ва кумитаи иҷроияи ноҳияи Шумилини вилояти Витебск корҳои ҷустуҷӯӣ оид ба ҷамъи маълумот дар бораи макони дафн ва муайян кардани номҳои қаблан номаълуми муҳофизони ҳалокшудаи Ватан-зодагони Тоҷикистон ҷиҳати воридсозии минбаъдаи онҳо ба рӯйхати қабрҳои ҳарбӣ ва ҷовидон гардонидан дар лавҳаҳои ёдгорӣ ташкил гардида буд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим