18 майи соли 2023 cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тайланд, Намояндаи доимии кишвар дар Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ барои Осие ва Уқенуси Ором (UNESCAP) бо қароргоҳ дар Куала-Лумпур, Ардашер Қодирӣ дар ҳошияи ҷаласаи 79-уми Комиссия бо муовини Дабири кулли СММ ва Котиби иҷроияи UNESCAP хонум Армида Салсиаҳ мулокот намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкориҳоро баррасӣ намуда, ҳамчунин дар мавриди дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд табодули назар карданд.