18 майи соли 2023 мулоқоти маҷозии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо ҳайати миссияи Бонки осиёии рушд бо роҳбарии Анҷум Исрар баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба Барномаи нави пешниҳоднамудаи Бонк барои рушди беҳсозии муҳити соҳибкорӣ, дипломатияи иқтисодӣ, беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва ислоҳотҳои зарурӣ баҳри мусоидат ба тиҷорати байналмилалӣ, содирот ва иқтисоди рақамӣ табодули афкор намуданд.