3 майи соли 2023 дар шаҳри Афинаи Ҷумҳурии Юнон мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Юнон Константинос Фрагкогианнис доир гардид.
Зимни мулоқот сатҳи кунунии равобити сиёсиву иқтисодӣ ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифт.