Иштироки cафири Тоҷикистон дар Русия дар Намоишгоҳи сармоягузории Қафқоз

04.05.2023 17:36

3-4 майи соли 2023 cафири Тоҷикистон дар Русия Д. Гулмаҳмадзода дар Намоишгоҳи сармоягузории Қафқоз - 2023 дар ш. Минералние Води иштирок варзид.

Дар ҳошияи чорабинии мазкур як қатор вохӯрӣ бо намояндагони мақомоту идораҳо ва ширкатҳои гуногуни округи федералии Қафқози Шимолӣ баргузор гардид, ки дар рафти онҳо масъалаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Дар баробари ин, Сафири Тоҷикистон Д. Гулмаҳмадзода бо роҳбарияти якчанд донишгоҳҳои округи федералии Қафқози Шимолӣ вохӯрӣ намуд.

Нигористон

Тақвим