Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар Вохӯрии шашуми вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби Осиёи Марказӣ - Русия

14.04.2023 18:11

14 апрели соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Самарқанд дар Вохӯрии 6-уми вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби Осиёи Марказӣ – Русия ширкат варзид.

Миёни роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷӣ атрофи вазъу дурнамои ҳамкориҳои дар қолаби ОМ-Русия, инчунин масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Зимнан вазирон ба натиҷаи нишасти нахустини сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, ки 14 октябри соли 2022 дар Остона баргузор гардида буд, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

С.Муҳриддин зимни суханронии худ иброз дошт, ки Тоҷикистон ба таҳкими робитаҳо дар чаҳорчӯби ОМ-Русия аҳамияти хосса дода, қолаби мазкурро ҳамчун сарчашмаи имкониятҳои нав барои пешбурди фаъоли ҳамкорҳои мутақобилан судманд арзёбӣ менамояд.

Ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нигоҳи кишварро вобаста ба абзорҳои татбиқи ташаббусу пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи амният ва иқтисоди пешгирикунанда, ки дар рафти иҷлоси Остона ироа шуда буданд, муаррифӣ намуд.

Мулоқот дар фазои созанда ва ҳусни тафоҳум гузашт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим