12 апрели соли 2023 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода бо сафири фавқулода ва мухтори навтаъини Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба сатҳи кунунии равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ дар бахшҳои гуногун ва имконияти густариши он табодули афкор намуданд.
Ҳамзамон, тарафҳо доир ба баланд бардоштани ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва ҷалби бештари сармояи Туркия ба Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan