Вохӯрии роҳбарони мақомоти корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон

13.04.2023 16:59

13 апрели соли 2023 дар Самарқанд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ вохурии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеу баргузор гашт.

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамтои қазоқашро ба муносибати роҳбари мақоми корҳои хориҷӣ таъин шуданаш самимона табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти давлатиаш комёбӣ таманно намуд.         

Зимни мулоқот вазирон масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистонро бо таваҷҷӯҳ ба раванди омодагӣ ба сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон, ки дар даҳаи  аввали моҳи майи соли 2023 пешбинӣ шудааст, баррасӣ намуданд.

Вохурӣ дар фазоӣ гарму дӯстона сурат гирифт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим