11 апрели соли 2023 дар шаҳри Кишинёв, мулоқоти cафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова бо қароргоҳ дар Киев Давлаталӣ Назризода бо Котиби давлатии Вазорати маориф ва тадқиқоти Ҷумҳурии Молдова Адриана Казаку сурат гирифт.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Молдова табодули афкор намуда, роҳҳои густариши муносибатҳои ду кишвар, тақвият додани ҳамкориҳо дар бахшҳои илму маориф ва мустаҳкам кардани пойгоҳи шартномавӣ-ҳуқуқӣ муҳокима карданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan