10 апрели соли 2023 дар шаҳри Кишинёв, мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова бо қароргоҳ дар Киев Давлаталӣ Назризода бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Молдова Сергей Харя баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ибрози назар намуда, ба тақвият додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва саноативу кишоварзӣ диққати махсус зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки барои тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманд ҳарду давлат зарфияти васеъ ва имкониятҳои истифоданашуда доранд. Аз ин рӯ, ҷиҳати рушди ҳамкориҳо ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар, таъсиси корхонаҳои муштарак ва нуқтаҳои савдои маҳсулоти агросаноатӣ, инчунин баргузор намудани форумҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва Молдоваро зарур донистанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan