Муносибатҳои Тоҷикистон бо Давлати Кувайт

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт 31 марти 1995 барқарор шуданд. Давлати Кувайт дар қатори нахустин давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт.

24 июни 2013 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт расман ифтитоҳ ёфт.

29 декабри 2012 Зубайдов Зубайдулло ба ҳайси аввалин Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт таъйин гардид.

Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- Нассар Абдулраҳмон Алмутайрӣ.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба (17-19 апрели 1995, 23-25 июни 2013 ва15-17 майи 2016) аз Давлати Кувайт боздиди расмӣ ба амал овард. Зимни ин сафарҳо Роҳбари давлат бо Амири Давлати Кувайт Шайх Аҳмад ал-Ҳамад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ва дигар шахсони расмӣ мулоқотҳои судманд анҷом доданд.

17 октябри 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои аъзои «Муколамаи ҳамкориҳои Осиё» ба Давлати Кувайт сафар намуданд.

19-22 декабри 2015 ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба Давлати Кувайт сафари расмӣ анҷом дод. Дар ҷараёни ин сафар як силсиламулоқоту вохӯриҳои Раиси Маҷлиси намояндагон ва ҳайати ҳамроҳаш бо мақомоти баландпояи Давлати Кувайт доир гардид.

27 апрели 2015 дар Душанбе ва 2 - 4 апрели 2018 дар Ал-Кувайт ҷаласаҳои машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар баргузор гардид.

Заминаҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои ду кишварро 16 санади ҳамкорӣ ташкил медиҳад.

8-19 декабри 2017 дар Кувайт ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ баргузор гардид.

 24 -28 марти 2016 дар  Кувайт намоиши барномаҳои консертӣ, намоишиаксҳо, ҳамчунин ярмарка-намоиши маҳсули дастии ҳунармандон ва хурокҳои миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нигористон

Тақвим