Наврӯзи байналмилалӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ таҷлил гардид

18.03.2023 19:02

18 марти соли 2023 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки роҳбарият ва кормандони Вазорат чорабинии идона баргузор гардид.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ҳозиринро бо ҷашни Наврӯз табику таҳният гуфта, чунин иброз намуд: “Боиси хушнудист, ки бо ташаббуси Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ин ҷашни бостонӣ ба Рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО шомил гардид ва аз дигар пайвандиҳои ногусастание, ки Наврӯз бо ҷомеаи байналмилалӣ дорад, ин ҳамасола 22 март таҷлил гардидани Рӯзи ҷаҳонии об аст. Дар ин рӯз Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷуҳи сокинони сайёраро ба яке аз мушкилоти асосӣ ва глобалии замони мо - норасоии оби ошомиданӣ ҷалб месозад”.

Дар рафти чорабинӣ маросими муждаи Наврӯз, суруду мусиқӣ, қироати шеъру ғазал, бозиҳои варзишӣ ва хони наврӯзӣ пешкаши ҳамагон гардид. Дар фарҷом аз ҷониби роҳбарияти Вазорат ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз бо ифтихорномаҳои Вазорати корҳои хориҷӣ сарфароз гардонида шуданд.

Нигористон

Тақвим