20 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Парагвай Хулио Арриола мулоқот намуд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Парагвай дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, обу энергетика, инчунин роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.