Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар муассисаҳои хориҷии Тоҷикистон

20.03.2023 17:58

Намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар иди Наврӯзи бостониро ҷашн гирифтанд.

18 марти соли 2023 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон ҷашни Наврӯз бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон ва як идда намояндагони илму адаби Эрон баргузор шуд.

18 марти соли 2023 дар Деҳаи таърихии фароғатии Ал-Баҳҳори шаҳри Кувайт ҷашни пуршукӯҳи Наврӯз баргузор гардид.

18 марти соли 2023 бо ибтикори  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки ҳамватанони бурунмарзӣ ва намояндагони кишвари иқомат баргузор гардид.

18-19 марти соли 2023 дар шаҳри Лион бо иштироки cафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса ва аҳли диаспораи тоҷикон иди Наврӯз ҷашн гирифта шуд.

18 марти соли 2023 бо ибтикори Конуни “Сомониён” ва дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистона дар кишварҳои Бенилюкс дар шаҳри Амстердам ҷашни Наврӯз бо барномаи консертӣ, намоиши маҳсулоти ҳунармандони мардумӣ ва либосҳои миллӣ баргузор гардид.

19 марти соли 2023 дар шаҳри Брюссел, дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Белгия ҳамоиши бошукуҳе бо ширкати ҳамватанони бурунмарзӣ ба ифтихори Наврӯзи оламафрӯз доир гардид.

19 марти соли 2023 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба муносибати фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии тантанавӣ баргузор кард.

20 марти 2023 бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Алмаато ва бо дастгирии роҳбарони марказҳои фарҳангӣ ва фаъолони диаспораи тоҷики ҳавзаи консулӣ чорабинии тантанавии бахшида ба Иди байналмилалии “Наврӯз” баргузор гардид.

Нигористон

Тақвим