Мулоқоти сафир бо вазири адлияи Ироқ

20.03.2023 15:10

20-03-2023-15-10.jpeg

20 марти соли 2023 дар шаҳри Бағдод мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ доктор Холид Шуввонӣ сурат гирифт.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи роҳандозии ҳамкорӣ байни мақомоти адлияи ду кишвар ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ намуданд.

Нигористон

Тақвим