17 марти соли 2023 дар ҳошияи иҷлосияи 49-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии исломии Мавритания Муҳаммад Солим валад Марзук мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба рушду густариши минбаъдаи робитаҳои дӯстонаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар табодули назар намуданд.