17 марти соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо раиси Палатаи намояндагони Парлумони Малайзия Ҷоҳорӣ Абдул баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот доираи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ, байнипарлумонӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ, роҳҳои рушду таҳкими онҳо, инчунин ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ баррасӣ гардид.