Ҷаласаи гурӯҳҳои корӣ оид ба делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон

16.03.2023 13:10

16.03.2023.13.00.jpg

Дар асоси мувофиқаи бадастомадаи Тарафҳо рӯзҳои 10 – 16 марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.

Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.

Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад.

Нигористон

Тақвим