13 марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Имангали Тасмагамбетов баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи кунунии СААД-ро баррасӣ намуда, оид ба вазъ дар минтақаҳои масъулияти СААД, бо таваҷҷӯҳ ба минтақаи Осиёи Марказии амнияти дастаҷамъӣ табодули афкор намуданд.
С.Имомӣ омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои расонидани дастгирии ҳамаҷониба ба И.Тасмгамбетов дар иҷрои вазифаҳояш ба ҳайси роҳбари мақомоти асосии маъмурии СААД таъйид кард.