Брифинг ва намоишгоҳ оид ба Конфронси оби СММ дар Остона

13.03.2023 17:59

13 марти соли 2023 дар бинои Донишгоҳи гуманитарӣ-ҳуқуқии Қазоқистон ба номи М.Нарикбаев бо ташаббуси сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд дар ш. Остона брифинг ва намоишгоҳ бахшида ба омодагиҳо ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об (22-24 марти соли 2023, ш.Ню-Йорк) баргузор гардид. Брифингро роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода ва Шоҳигарии Нидерланд –Андрей Карстенс ҳусни оғоз башиданд.

Зимни cуханронӣ сафири Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода оид ба Конфронси оби СММ дар соли 2023 маълумоти мухтасар ироа намуда, иштирокчиёнро бо ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об ошно сохт. Сафир қайд намуд, ки чорабинии байналмилалӣ таҳти раисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳи Нидерланд аълоҳазрат Виллем-Александр баргузор мегардад, ки инъикосгари аҳамияти вижаи рӯзномаи ҷаҳонии об мебошад.

Дар чорабинӣ доираи васеи намояндагони корпуси дипломатӣ, роҳбарон ва кормандони созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Қазоқистон, ВАО ва коршиносони соҳаи об ширкат доштанд.

Нигористон

Тақвим