9 марти соли 2023 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо ҳайати миссияи Бонки осиёии рушд баргузор гардид.
Дар мулоқот атрофи мавзӯъҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд, ташвиқи дипломатияи иқтисодӣ, Барномаи нави бонк оид ба беҳсозии фазои соҳибкорӣ ва густариши ҳамкориҳо дар самти таҳкими симои кишвар дар арсаи байналмилалӣ тавассути беҳтар намудани мавқеи Тоҷикистон дар радабандиҳои байналмилалӣ ва ба ин васила ҷалби сармояи хориҷӣ табодули афкор сурат гирифт.