Мулоқот бо роҳбари Агентии рушди содироти Арабистони Саудӣ

10.03.2023 09:33

10-03-2023-09-30.jpg

7 марти соли 2023 дар шаҳри Риёз мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пошоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо раиси Агентии рушди содироти Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Зукайр баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак, аз ҷумла роҳҳои ҳалли мушкилоти логистикӣ ва механизмҳои тавсеаи мизони тиҷорат байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардиданд.

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим