Муовини вазири корҳои хориҷӣ нусхаи эътимодномаи сафири Кипрро қабул кард

09.03.2023 14:42

9 марти соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Кипр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар Москва) Кипрос Йоргаллисро қабул кард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандиро барои рушди робитаҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ изҳор карданд.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири Кипрро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин вазифа табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти корӣ муваффақият таманно намуд.

Нигористон

Тақвим