Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода сафири Ҷумҳурии Португалияро қабул кард

09.03.2023 14:28

9 марти соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Португалия (бо қароргоҳ дар шаҳри Москва) хонум Мария Мадалена Лобу Карвалю Фишерро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома қабул намуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар намуданд.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири Ҷумҳурии Португалияро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик карда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.

Нигористон

Тақвим