Супоридани нусхаи эътимодномаи Сафири Ирландия

09.03.2023 14:19

9 марти соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Ирландия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар ш.Москва) Брайан Макэлдаффро қабул намуд.

Дар вохӯрӣ вазъи феълӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ирландия мавриди мубодилаи афкори ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Муовини вазир сафири Ирландияро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба мавсуф дар пешбурди фаъолияти пурмасъулаш барору комёбиҳо таманно кард.

Нигористон

Тақвим