9 марти соли 2023 дар Вазорати корҳои хориҷӣ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Молдова дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лилиан Дарий нусхаи эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ тақдим намуд.
Зимни маросим табодули афкор перомуни масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Молдова ва ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ анҷом дода шуд.
С. Имомӣ ба Л. Дарий дар амалисозии фаъолияти худ ба мақсади рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Молдова муваффақият орзу намуд.