6 марти соли 2023 машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохторӣ дар шакли маҷозӣ баргузор гардиданд.
Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Молдоваро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, маориф, фарҳанг ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Ҷиҳати анҷоми иқдомҳои муштараки мақомоти сиёсати хориҷӣ барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Молдова изҳори омодагӣ карда шуд.
Машваратҳо ба 30-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова бахшида шуданд.