2 марти соли 2023 дар шаҳри Сеул бо ташаббуси сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд бахшида ба Конфронси оби СММ, ки 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк баргузор мегардад, бо иштироки роҳбарият ва намояндагони сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Корея ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим чорабинии муштарак баргузор гардид.
Зимни суханронӣ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Шарифзода Юсуф оид ба аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфтани иқдомҳои Ҷумҳуриии Тоҷикистон, дар бораи қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва чораҳои тадорукотии Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд маълумот дод.