28 феврали соли 2023 дар ҳошияи Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Словакия мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо муовини вазири иқтисоди Словакия Питер Шветс баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Словакияро муҳокима намуда, омодагии худро ҷиҳати мусоидат ба фаъолияти ҳамкории соҳибкорони ҳарду кишвар баён карданд.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ Ш.Шерализода маълумоти мухтасарро дар бораи имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон дар самтҳои гуногун, алалхусус обу энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ пешниҳод кард.