Изҳори таслият дар Сафорати Туркия

09.02.2023 17:43

09,02,2023,17,48.jpg

9 феврали соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар шаҳри Душанбе, ба давлат ва мардуми Туркия дар иртибот ба фоҷеаи заминларзаи шадид дар он кишвар изҳори таслият намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ паёми ҳамдардиро дар китоби таъзия, ки ба ин муносибат дар Сафорат боз шуда буд, дарҷ карда, барои қурбониён биҳишти барин ва барои маҷрӯҳон шифои комил орзу намуд.

 

Нигористон

Тақвим