Мулоқоти вазир бо сафири Туркия

07.02.2023 16:21

07.02.2023.16.30.jpg

7 феврали соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷарро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода низ иштирок намуд.

Зимни мулоқот вазири корҳои хориҷӣ бори дигар ҳамдардии амиқи ҷониби Тоҷикистонро бино бар заминларзаи шадид дар минтақаи ҷанубу шарқии кишвари дӯсти Туркия, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардид, ба он ҷониб расонид.

Дар мулоқот омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сафарбар намудани гурӯҳи ҳирфаии ҷустуҷуӣ-наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи мазкур, инчунин расонидани кумаки башардӯстона иборат аз маводи аввалияи зарурӣ иброз гардид.

Намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия барои тамоси доимӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои Каҳраманмараш, Ҳатай, Османия, Адияман, Газиантеп, Шанлиурфа, Диярбакир, Малатия ва Адана қарор доранд, телефонҳои шабонарӯзиро фаъол намудааст.

Телефонҳо барои тамос:

Сафорати Тоҷикистон дар Анқара: + 90 312 491 16 07;

+ 90 538 594 32 10 WhatsApp.

Консулгарии генералӣ дар Истанбул: + 90 212 426 50 54;

+ 90 536 446 17 71 WhatsApp

Нигористон

Тақвим