6 феврали соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин намояндаи вежаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Наталия Германро бинобар анҷоми муҳлати маъмурияташ ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Марказ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин мусоҳибон ба хотири тақвияти бештари мушорикати Тоҷикистон ва ниҳодҳои тахассусии Созмони Милали Муттаҳид атрофи масъалаҳои мубориза бо хатару чолишҳои замони муосир ва таъмини рушди устувор дар минтақа табодули афкор карданд.
Дар фарҷоми суҳбат вазири корҳои хориҷӣ бинобар ба мансаби мудири иҷроияи Мудирияти иҷроияи Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ (CTED) таъйин гардидани Н. Герман ба мавсуф муваффақият таманно намуд.