26 январи соли 2023 дар шаҳри Рим вохӯрии cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия (бо иқомат дар шаҳри Париж) Ҷамолиддин Убайдулло бо муовини вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Италия Эдмондо Сириеллӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ тарафҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италияро баррасӣ намуданд.