25 январи соли 2023 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаи Гурӯҳи кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) баргузор гардид, ки дар он номзадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати узвияти ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 ҷонибдорӣ шуд.
Намояндаи доимии кишвар дар СММ Ҷонибек Ҳикмат зимни муаррифии номзадиии кишвар қайд кард, ки бо иштироки фаъол дар чорабиниҳо ва равандҳои гуногун дар доираи СММ, инчунин бо назардошти таҷрибаи беназири кишвар вақти он расидааст, ки Тоҷикистон барои касби узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028 - 2029 номзадии худро пешбарӣ намояд.
Дар фарҷоми баррасии мавзӯи мазкур, кишварҳои узви СҲИ якдилона ҷонибдории худро аз номзадии Тоҷикистон барои касби узвияти ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 изҳор намуданд.
Бояд хотиррасон кард, ки қарори махсуси иҷлосияи чилу ҳаштуми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ таҳти №8/48-LO, (22-23 марти соли 2022, ш. Исломобод, Ҷумҳурии Исломии Покистон) аз кишварҳои узв даъват ба амал оварда буд, ки номзадии Тоҷикистонро дастгирӣ намоянд.