26 январи соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдонро бо дархости он ҷониб ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, инчунин ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.