24 январи соли 2023 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Д. Гулмаҳмадзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия М. Галузин мулоқот намуд.
Дар рафти мулоқот мусоҳибон вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Русияро дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамчунин доир ба ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули назар карданд.
Ҷонибҳо ба масоили омодагӣ ба сафари дарпешистодаи Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Владимирович Мишустин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.