24 январи соли 2023 дар шаҳри Тошканд дар доираи баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷейҳун Байрамов баргузор гардид.
Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду кишвар ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, энергетика, нақлиёт, фарҳанг ва ғайра мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо роҷеъ ба чорабиниҳои бахшида ба истиқрори 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон, инчунин ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.