С. Муҳриддин ва М.Тлеубердӣ Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Қазоқистонро тасдиқ карданд

24.01.2023 17:08

24 январи соли 2023 дар шаҳри Тошканд дар доираи баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ вохӯрӣ миёни вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мухтар Тлеубердӣ анҷом ёфт.

Дар рафти суҳбат вазирон масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистонро муфассал баррасӣ намуда, доир ба ҳамкориҳои мутақобилаи ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба васеъ намудани муҳтавои тамосҳои сатҳи олии дарпешистода равона гардид.

С. Муҳриддин ва М.Тлеубердӣ Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Қазоқистонро, ки дар доираи он давоми соли 2023 як қатор чорабиниҳои муштараки соҳавӣ баргузор карда мешаванд, тасдиқ карданд.

Вохӯрӣ дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим