24 декабри соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷопон Ҳаяши Ёшимаса мулоқот намуд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон табодули афкор намуда, ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби “Муколамаи Осиёи Марказӣ+Ҷопон”-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар фарҷоми мулоқот Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон барои солҳои 2023-2025 ба имзо расонида шуд.