13 декабри cоли 2022 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар умури сиёсӣ ва иқтисодӣ Сауд Ас – Сотӣ мулоқот намуд.
Дар мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуданд.